Натиҷаҳои аввалини ҳамкорӣ бо Туркманистон

Май 20, 2013 14:07

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистон ва муовини директори корхонаи нассоҷии Чорҷӯи Туркманистон Н.Ҷӯраев баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Н. Ҷӯраев дар бораи маҳсулоти корхона нақл карда, зикр намуд, ки дар ин ҷо барои тавлиди маҳсулот ашёи хоми маҳаллӣ истифода шуда ва он ба бозорҳои Аврупо бароварда мешавад.Дар ҷараёни мулоқот омилҳои нархгузорӣ, истифодаи ашёи хоми воридотӣ ва имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорони мулоқот ҳамчунин зикр намуданд, ки сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон – Туркманистон барои рушди ҳамкории мутақобилан муфид мусоидат хоҳад намуд.

Май 20, 2013 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш