Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи Восеъ №39
Душанбе, 10 май (АМИТ «Ховар»).-Мутобиқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли ҷорӣ интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39, рӯзи якшанбе 5 майи соли 2013 таъйин гардида буд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз таърихи 12 март комиссияи ҳавзавии интихоботро дар ҳайати 11 нафар бо намояндагӣ аз якчанд ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ амалкунанда таъсис дод, ҳайат ва раиси комиссияи ҳавзавиро тасдиқ кард. Аз ҷониби КМИР ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба ташкилу гузаронидани интихобот таҳияю нашр гардида, ба ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ сари вақт расонида шуданд. Баъд аз эълон гардидани санаи баргузории интихобот ва таъсиси комиссияҳои поёнии интихоботӣ аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ ва ба тариқи худпешбарӣ 4 нафари зерин ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот ба қайд гирифта шуданд: Мараимов Раҷабалӣ Мирзоевич – директори генералии ҶДММ «Маркази тадқиқоти-сотсиологии «Бозтоб», ба тариқи худпешбарӣ; Неъматов Ибодулло – раиси Ҷамоати деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ, бо пешниҳоди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон; Сафаров Зайнуддин – муовини аввали Директор – Сардори ситоди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон; Қурбонов Ҷурабек Раҳматович – сардори Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб, ба тариқи худпешбарӣ.Рӯзи 3 майи соли 2013 номзад Қурбонов Ҷ.Р., бо аризаи хаттӣ оид ба бозпас гирифтани номзадиаш ба комиссияи ҳавзавӣ муроҷиат намуд ва тибқи талаботи қонун ин дархости ӯ қонеъ гардонида шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот дар ҷараёни омодагӣ ба ин чорабинӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор намуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷараёни омодагиро ба интихобот пайваста назорат мекарданд. Рӯзи овоздиҳӣ ҷараёни интихоботро зиёда аз 100 нафар нозирон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма назорат карданд. Интихобот рӯзи 5.05.2013 баргузор гардид. Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 88,1% интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдорииМараимов Р. — 7,9% Неъматов И. — 16,3% Сафаров З.- 73,2%овоз доданд. Ҳамин тавр Сафаров Зайнуддин, ки аз тарафи Ҳизби аграрии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, аз ин ҳавза вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Вобаста ба ин масъала 6 майи соли 2013 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарор қабул кард, ки дар асоси моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 баргузоргардида ҳисобида шавад. Дар рафти баргузории интихобот ба унвонии комиссияи ҳавзаи интихоботӣ аз ҷониби номзад ба вакили Маҷлиси намоягдагони Маҷлиси Олӣ Мараимов Р.М. 4 шикояти хаттӣ ворид гардид, ки аз ҷониби аъзои комиссияи ҳавзавӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода шуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ваҷҳҳои дар шикоятҳо нишон додашуда тасдиқи худро наёфтанд.Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки бо иштироки намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, оид ба ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории маъракаи интихоботӣ ахбори муфассал пешниҳод карда шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






