Натиҷаи даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии кишвар

Май 7, 2013 14:01

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Дастаи «Регар ТадАЗ» баъди дидори охиринаш бо дастаи «Панҷшер» бо 9 хол мақоми дуюмро касб кард. Дастаи «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода дар бозии охиринаш дар даври панҷуми мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 ба дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоби 5 бар 1 ғолиб омад ва мақоми дуюмро дар садри ҷадвали мусобиқа касб кард.Дар даври панҷуми мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон- 2013 миёни дастаҳои лигаи олии кишвар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал мебошад. Дастаи «Регар ТадАЗ» ва «Хуҷанд» бо 9-7 имтиёзӣ баъд аз дастаи «Истиқлол» ҷойгиранд.Ёдрас мешавем, ки даври панҷуми мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон аз 4-ум то 6-уми май идома кард.

Май 7, 2013 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш