Натиҷаи интихобот дар ҳавзаи Восеъ № 39

Май 6, 2013 16:36

Душанбе, 6 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайнуддин Сафаров дар интихоботи миёнадаврӣ, ки 5 май дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 доир гардид, 73, 2 % -и райъи интихобкунандагонро соҳиб гардида, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Дар ҷаласае, ки имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён баргузор гардид, натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати вакили аз нав интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шуд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот чор нафар номзад ҷиҳати ноил гардидан ба курсии палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба қайд гирифта шуданд. Инҳо Раҷабалӣ Мараимов — директори генералии ҶДММ «Маркази тадқиқотию сотсиологии «Бозтоб», ба тариқи худпешбарӣ, Ибодулло Неъматов — раиси ҷамоати деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ, бо пешниҳоди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Зайнуддин Сафаров — муовини аввали директор-сардори ситоди Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Қурбонов — сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб, ба тариқи худпешбарӣ буданд. Ҷ. Қурбонов 3 май бо ариза номзадиашро дар интихобот бозпас гирифт. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҷараёни баргузории интихоботро беш аз 100 нафар нозир, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма назорат карданд.Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 88,1% интихобкунандагон иштирок намуда, ба тарафдории Мараимов Р. — 7,9 % , Неъматов И. — 16,3% ва Сафаров З.- 73,2% раъй доданд.16.20.

Май 6, 2013 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст