«Нигоҳи нав» дар Душанбе

Май 2, 2013 16:12

Душанбе, 2 май (АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Дуюмин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон — «Нигоҳи нав» дарҳои худро боз намуд. Ҷашнвораи мазкур, ки маросими ифтитоҳаш дар Маркази фарҳангии «Dushanbe Art Ground» баргузор гардид, бо ибтикори ҷавонони боистеъдоди бахши актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ созмон дода шудааст. «Ҳадафи ҷашнвора –озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» ҷалби ҷавонони эҷодкор ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ ҷиҳати рушди санъати театрист», -мегӯяд Арҷманди Раҳматуллоҳ -масъули бахши иттилоотии ҷашнвора. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷашнвора 10 гуруҳи ҷавонони эҷодкор намоишномаҳои худро дар толори Театри давлатии русии драмавии ба номи Маяковский ба маърази тамошо мегузоранд, ки аз он 6 –тоаш озмунӣ ва 4 –тоаш ғайриозмунист. Дӯстдорони санъати театрӣ имкон доранд аз 16 май то 22 май намоишномаҳои гуруҳи ҷавонони эҷодкори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, донишҷӯёни факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Театри русии шаҳри Чкалов, Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва гуруҳҳои эҷодкори «Душанбе -1» ва «Душанбе -2»-ро тамошо намоянд. Ҳамзамон дар бахши ғайриозмунӣ намоишномаҳои студияи эҷодии назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, гуруҳи «Умедвор»-и Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, Театри рақсии «Падида» ва намоишномаи шоу-гуруҳ аз Қазоқистон ба тамошо гузошта мешаванд. Ба беҳтарин намоишномаи гуруҳҳои театрӣ ҷоизаҳо тақдим мегарданд.

Май 2, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш