Оғози «Форуми соҳибкории Душанбе- 2013» бо қироати Қуръони карим»

Май 18, 2013 13:40

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматии беҳруназшаҳрии «Пуғус» дар чаҳорчӯбаи вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд бо дастгирии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусии Гӯруҳи Бонки Исломии Рушд ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми соҳибкории Душанбе- 2013» баргузор гардид.  Дар кори Форум муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, Директори Корпоратсияи хусусӣ оид ба бахши хусусӣ Холид- ал- Абудӣ, роҳаброни вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои аъзои БИР иштирок намуданд. Форуми мазкур бо қироати оятҳое аз Қуръони карим оғоз ёфт. Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни Форумро хайрамақдам гуфтанд. Матлубхон Давлатов – муовини авали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз вазъи кунунии иқтисодӣ дар кишвар ва мавҷудияти имконоти зиёд дар самти рушди ҳамкориҳои босамар бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд сухан гуфта, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои вусъати босамари ҳамкориҳо баён дошт. Баъдан, Директори Корпоратсияи хусусӣ оид ба бахши хусусӣ Холид- ал- Абудӣ аснои суханронии худ аз сатҳи феълии ҳамкориҳои Бонки Исломии Руш бо кишварҳои аъзо, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки ҳанӯз аз соли 1997 аъзои ин ниҳоди муътабари моливӣ мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф баргузории вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистонро фоли нек хонда, таъкид дошт, ки ин омил ҷиҳати рушди ҳамкориҳои кишварҳои аъзо бо Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт. Хамчунин дар доираи Форуми мазкур иштирокдорони он мавзӯоти дигари мавриди таваҷҷуҳро низ баррасӣ намуданд. Зимнан, Корпоратсияи Исломии Рушд ташкилоти бисёрҷониба буда, аъзои Гуруҳи Бонки Исломии Рушд мебошад ва ҳадафи асосии он дастгирии рушди иқтисодӣ ва мусоидат ба инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакатҳои аъзоин он тавассути сармоягузорӣ мебошад.

Май 18, 2013 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст