Оғози Форуми VI ҷумҳуриявии ташкилотҳои кор бо ҷавонон

Май 2, 2013 11:12

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 4 майи соли равон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми VI ҷумҳуриявии ташкилотҳои кор бо ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад. Дар чорабинӣ масоили саҳм ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд. Дар чорабинӣ раис ва масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Хазинаи нуфузи СММ, ҳамоҳангсози бахши саломатии ҷавонони Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамокориҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Май 2, 2013 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш