«Ойинаи бидуни тасвир»

Май 3, 2013 11:40

Душанбе,3 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Студияи «Тоҷикфилм» наворбардории филми ҷадидеро бо номи «Ойинаи бидуни тасвир» оғоз кардааст.Коргардони филми мазкур Носир Саидов ва филмбардор Георгий Дзалаев мебошанд. Тӯли чор рӯз аст, ки онҳо қисматҳои филмро дар ҳар гӯшаои ҷумҳурӣ наворбардорӣ доранд.Филми мазкур аз рӯйи асари Бахтиёр Каримов, адиби ҷавони тоҷик таҳия шудааст. Дар филм ҳунармандони театру синамои кишвар ва инчунин ҷавонони болаёқат нақш меофаранд.

Май 3, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш