Омодагирӣ ба Рӯзи Русия

Май 30, 2013 11:17

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 12 июн дар Маркази фарҳанги рус воқеъ дар шаҳри Истаравшан ба муносибати таҷлили Рӯзи Русия маҷлиси ботантана баргузор мешавад. Консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба ин муносибат маҷлиси қабули расмӣ доир менамояд.Мувофиқи суханони роҳбари Маркази фарҳанги рус воқеъ дар шаҳри Истаравшан Олга Любимова, дар ин чорабинӣ аъзои маркази мазкур, намояндагони аҳолии русзабон ва ҳокимияти маҳаллӣ иштирок менамоянд. Ҳамчунинмаросими мукофотонидани муаллимони забону адабиёти руси мактабҳои шаҳри Истаравшан баргузор мегардад. То имрӯз Маркази фарҳанги руси шаҳри Истаравшан 211 нафар аъзо дошта, дар шаҳр беш аз 100 нафар мардуми русзабон сукунат доранд.

Май 30, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш