Озмуни ҳофизони Қуръони маҷид неъматест аз суботу истиқлол
«Маҷмӯи оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (С) мусулмононро ба омӯхтани илму фарҳанг даъват менамояд». (Эмомалӣ Раҳмон) Душанбе, 10 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи имрӯз дар Душанбе — пойтахти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» бо тиловати ояте аз Каломуллоҳи маҷид оғоз ёфт. «Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, ки он шаҳодатест аз файзу баракати истиқлол, суботу амният ва ваҳдату шукргузории мардумони сарзамин», гуфт зимни ифтитоҳи озмун Сулаймон Давлатов –ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа. Дар маросими ифтитоҳи озмун Муродов Одинашоҳ — мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Мавлон Мухторов-муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Хукумати ҷумҳурӣ, Саидмукаррами Абдулқодирзода- раиси Маркази исломии Тоҷикистон, доктор Алавӣ Аҳмад Муҳаммад ал-Ёфиӣ- намояндаи ҳайати оламии ҳифзи Қуръони карим ва Амирҳамза Саҳроӣ-намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон сухан карда, ба иштирокчиёни озмун барор ва ба доварон адолатро таманно карданд. Зикр шуд, ки тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии дин дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дар мавриди дин ва озодии виҷдон аст, ки ҳамаи ин сарчашма мегирад аз сулҳу истиқлол ва ҳамраъйию ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузории ҷомеаи мадании Тоҷикистон, зеро нуру баракоти илоҳӣ дар сарзамине арзонӣ мегардад, ки онҷо оромию осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ ва шукргузорӣ ҳукмфармост. Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ бо ибтикори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, бо дастгирии сомонаи «Нун аз барои Қуръон ва илмҳояш» ва «Ҳайати оламии таҳвизи Куръони карим», ки дар 60 давлат намоядагӣ дошта, барои пешбурд ва ҳифзи Қуръони карим кор мебарад, гузаронида мешавад. Дар озмуни ҳофизони Қуръони Карим кӯдакону наврасон ва ҷавонони то 25- сола, ки теъдодашон беш аз 100 нафар аст, иштирок доранд. Озмуни қориёни Қуръони азимушшаън дар панҷ ришта -ҳифзи кулли Қуръони карим бо зикри номи сура, рақами оят ва саҳифа, ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвид ва тафсири пораи 28-29-30, ҳифзи кулли Қуръони карим ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадис”-и Имом Нававӣ”, ҳифзи кулли Қуръони карим бо риояи таҷвид ва тартил, ҳифзи 20 пораи Қуръони карим бо риояи таҷвид ва тартил ҷараён мегирад. Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи Қуръони Карим боло бурдани донишу фарҳанги исломии наврасону ҷавонон буда, беҳтарин ҳофизони Қуръони карим бо ҷоизаю туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Озмун пагоҳ низ идома меёбад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






