Пастшавии қурби доллари ИМА мушоҳида гардид

Май 2, 2013 16:12

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта қурби доллари ИМА андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8770 — 4,8950 сомонӣ қарор гирифт.   Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 154-155 ва 6,3071-6,3304 сомонӣ баробар шуд. Имрӯз, 2 май қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8710-4,8910 сомонӣ, Хуҷанд 4,87-4,88 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа 4,87-4,89 сомониро ташкил дод.

Май 2, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш