Паём татбиқ мешавад

Май 8, 2013 14:19

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Роҳбарияти “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бобати омўхтани муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабинӣ тартиб додааст, ки мувофиқи он дар хадамот ва шуъбаҳои фурудгоҳ ҷаласаҳои корӣ гузаронида мешаванд.Аз рўи нақша имрўз дар Хадамоти истеҳсолию тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди соҳа ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва маишии кормандон муҳокима шуданд.Аз ҳозирин даъват шуд, ки вобаста ба талаботи Паём сатҳи хизматрасониро ба мусофирон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ бамаротиб баланд бардошта, вазифаҳои хизматиро пурра иҷро намоянд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгохи байналмилали Душанбе» иттилоъ доданд.

Май 8, 2013 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш