Подоши заҳматҳо- эҳтирому сарбаландӣ

Май 13, 2013 10:51

Суғд, 13 май. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ ба ифтихори 70-солагии мавлуди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи муосири тоҷик Мавлудахон Файзуллоева баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов аз заҳматҳои 70-солаи соҳибҷашн иттилоъ дода, гуфт, ки хизматхои шоистаи муаллимаро ба инобат гирифта, ӯро бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд қадрдонӣ карданд.

Май 13, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш