Рӯзҳои кинои Туркманистон дар Тоҷикистон

Май 31, 2013 14:34

Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон аз 5 то 10 июни соли равон дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Туркманистон доир мегардад. Ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи равобити ҳасанаи илмию фарҳангии ду кишвар баргузор шуда, ҳадафаш муаррифии филмҳоест, ки синамогарони туркман ба навор гирифтаанд. Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Туркманистон дар Тоҷикистон дар толори Кохи Ҷомӣ- воқеъ дар маркази Душанбе доир гардида, дар он аҳли фарҳанг, намояндагони вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон даъват шудаанд. Тӯли 5 рӯз дӯстдорони филмҳои туркманӣ имкон доранд филмҳои ба навор гирифтаи синамогарони туркманро, ки доир ба таърих, фарҳангу ҳанар ва анъанаҳои неки мардуми туркман ҳикоят мекунанд, тамошо намоянд.

Май 31, 2013 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш