Роҳҳои ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои иҷтимоию тиббӣ дар ҷилавгирии хушунат дар оила», таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе семинар –машварат доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбута ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Созмонҳои ҷамъятии «Парастор», «Никоҳ ва оила» ва «Ассосиатсияи занони маълумоти олидор» созмондиҳандагони ин чорабинӣ буда, дар он масъалаҳои марбут ба ҷилавгирии хушунат дар хонавода матраҳ гардид. Гулҷаҳон Бобосодиқова –роҳбари «Ассосиатсияи занони маълумоти олидор» доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии хушунат дар хонавода танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи хушунат дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро муайян менамояд. Г. Бобосодиқова қабул шудани қонуни мазкурро дар Тоҷикистон қадами устуворе дар роҳи ҳифзи шаъну шараф ва ҳуқуқи бонувони тоҷик дар оила ва ҷомеа маънидод кард. Вай афзуд, ки қонуни мазкур хусусияти иҷтимоӣ- профилактикӣ дошта, дар таҳкими пойдевори оилаҳо, ки як қисми ҷудонопазири ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбанд, нақши муассир мебозад. Назар ба андешаи Тоҳир Назаров- полковники Вазорати корҳои дохилии /ВКД/ ҷумҳурӣ имрӯз дар миқёси кишвар 40 адад марказҳои буҳронӣ доир ба ҷилавгирии хушунат дар оила фаъолият менамояд, ки он ба шахсоне, ки дар оила дучори хушунат гаштаанд, кӯмакҳои ройгон мерасонанд. Полковники ВКД афзуд, ки дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 592, дар чор моҳи соли равон 531 ҳодисаи марбут ба хушунат дар оила ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ дар зарфи чор моҳи соли равон 2489 нафар шаҳрванд вобаста ба хушунат ба мақомоти марбута муроҷиат намудаанд, ки аз он 2114- тоаш санҷида шудааст. Аз ин теъдод дар 1076 маврид занҳо нисбат ба мардҳо ва дар 990 маврид мардҳо нисбат ба занҳо хушунатро раво дидаанд. Зикр шуд, ки яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани хушунат дар хонаводаҳо паст будани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, маърифати оиладорӣ ва хеле барвақт хонадор кардани ҷавонон аст. Роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии «Парастор» Раъно Қосимова, «Никоҳ ва оила» Марҳабо Зунунова ва дигар иштирокдорони нишаст доир ба паҳлуҳои гуногуни ҷилавгирӣ аз хушунат дар оила ибрози назар карда, пешниҳод намуданд, ки бояд дар самти ҷилагирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода марказҳои буҳронӣ дар ҳамкорӣ бо ВКД ва дигар сохторҳо фаъолияташонро тақвият бахшида, теъдоди нозирони минтақавӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ афзоиш дода шаванд. Инчунин таъкид гардид, ки яке аз омилҳои ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ин баланд бардоштани ҳаҷми муҷозот нисбат ба шахсоне, ки дар оила ва ҷомеа хушунат эҷод мекунанд, мебошад, зеро муҷозот барои шахсоне, ки дар оила хушунат менамоянд, дар асоси қонунгузории кишвар 120 сомонӣ муайян шудааст. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки бояд ба баъзе қонунгузории ҷумҳурӣ тағйирот илова гардад. Мавриди зикр аст, ки нишасти мазкур дар доираи лоиҳаи «Фароҳам овардани шароит ҷиҳати дастгирии заноне, ки хушунат дидаанд» гузаронида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






