Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Зариф Ализода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 майи соли ҷорӣ бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Т.Мерзляко ва ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дод.Конфронси мазкур дар пайи Изҳороти якҷояи Ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Федератсияи Русия, ки соли гузашта зимни иштирок дар кори Конфронси минтақавӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, баргузор шуд. Тибқи ин Изҳорот иштирокчиён ба мувофиқа омада буданд, ки ҳар сол вохӯриҳои якҷояи ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсонро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар яке аз ин кишварҳо ва минтақаҳои Федератсияи Русия баргузор намоянд.Ҳангоми сафар З.Ализода бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони зиёда аз 30 минтақаи Федератсияи Русия, ки дар конфронс иштирок доштанд, дидору мулоқот намуд. Ҳамчунин зимни сафари корӣ З.Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Самара Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақаи Федератсияи Русия мебошад. Бояд қайд кард, ки ин аввалин чунин созишнома набуда, қаблан чунин созишномаҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия В.П. Лукин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Русия Т.Г. Мерзлякова ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони шаҳри Санкт-Петербург А.В. Шишлов ба имзо расида буданд. Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони минтақаҳои Федератсияи Русия идома дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Азиз Солиев, котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






