Сӯҳбати Р.Раҳимов бо муовини Дабири кулли СММ

Май 24, 2013 11:38

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо муовини Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Иван Шимонович, намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Осиёи Марказӣ Армен Арутюнян, сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Ҳулан Седев ва муовини сардори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳори инсон Фиона Фрайзер сӯҳбат намуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, татбиқи механизмҳои махсуси СММ дар бахши ҳуқуқҳои инсон, тасдиқи протоколи изофии Муоҳадаи СММ, ибтикороти мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо шиканҷа, зӯроварӣ нисбат ба занон ва ислоҳоти сохтори милисаи кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Май 24, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш