Сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, бо кори як қатор хоҷагиҳои намунавии боғутокпарварӣ шинос шуд.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт аз ҷамоати деҳоти даҳанакии ноҳияи Хуросон оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 2010 ба ин сӯй бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Фахрободи ин ноҳия бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна оғоз ёфта буд. То ин вақт дар мавзеи Фахробод ва атрофи деҳоти дигари ҷамоати деҳоти Даҳанакии ноҳияи Хуросон дар майдони якуним ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфтааст. Тавре аён гардид, тамоми боғу токзори нав дар ин мавзеъҳо афзоиши хуб доранд ва қисмате аз онҳо дар соли дуюм ва сеюми сабзиш аллакай ба бор омадаанд. Пас аз ду-се соли дигар аксари ин боғу токзор пурра боровар шуда, натанҳо ба фаровонии меваю сабзавот дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки боиси афзоиши қудрати содиротии кишвар мегарданд.Тавре иттилоъ доданд, дар ин боғу токзор наздики якуним ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб шудаанд. Аҳли заҳмати ин хоҷагиҳо аз умри дубора пайдо намудани боғу токзори мавзеи Фахробод басо шоду шукргузоранд, зеро боғу токзори пешина кайҳо аз ҳосил бозмонда, ба нестӣ рафта буд.Чунонки зикр гардид, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо асосан навъҳои серҳосилу содиротии дарахтони мевадиҳанда шинонда шудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки майдони боғҳои олуи сиёҳ, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад ва дигар меваҳои содиротӣ афзун карда шавад.Ба иттилои масъулини соҳа, аксари мавзеъҳои барои бунёди боғоти нав интихобшуда, заминҳои шӯрзада, партов ва умуман аз гардиши кишоварзӣ беруншуда буданд ва имрӯз ба боғу токзори биҳиштосо табдил ёфтаанд.Чунонки аён гардид, дар ин мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва мутобиқ ба боғутокпарварӣ навъҳои гуногуни олу, гелос, зардолу, шафтолу, олуча, бодом, анҷир, чормағз, анор, писта, биҳӣ ва себу ноки хушлаззат парвариш меёбад.Зимни боздид аз ин боғу токзори дилфиреб, табиати биҳиштосои ин мавзеъҳо ва суҳбатҳои озоду самимӣ бо боғпарварон ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ин иқдоми накӯ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳамовозӣ пайдо карда, ба бунёди даҳҳо ҳазор боғу токзори намунавӣ, иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа, болоравии бесобиқаи қудрати содиротии кишвар, тақвияти амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва муаррифии миллати тоҷик чун миллати ободгару зебоидӯст боис мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






