Сафари кории вазири корҳои дохилӣ ба минтақаи Рашт
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»).-4 майи соли равон вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба минтақа ва ноҳияҳои Рашт сафари корӣ анҷом дод. Р. Раҳимов зимни боздид аз шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод бо шароити кории кормандон шинос шуда ва бо ҳайати шахсӣ вохӯрд. Дар вохӯрӣ кормандонро ба иҷрои софдилонаи вазифаи хизматӣ, баланд намудани савияи дониш ва машғул шудан ба варзиш ҳидоят намуд. Зикр шуд, ки зиёда аз як сол инҷониб дар мақомоти корҳои дохилӣ маркази тестӣ барои санҷидани малакаи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва телефони боварии вазири корҳои дохилӣ барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандон фаъолият менамояд.Вазири корҳои дохилӣ аз кормандони милитсия талаб намуд, ки бо аҳолӣ хушмуомила буда, мунтазам бо онҳо дар робита бошанд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи баргузории як силсила чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва сиёсӣ қарор дорад ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани он аз ҳар як корманди мақомоти дохилӣ вобастагӣ дорад.Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Навобод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол вохӯрда, оид ба натиҷа ва дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ сухан гуфт. Ҳамчунин зикр шуд, ки гарчанде, ки дар минтақа шахсони зиёди ба гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ алоқаманд дастгир ва безарар гардонида шуданд, баъзе шахсони алоҳидае ҳастанд, ки оромию осудагӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор менамоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин пешгирии чунин амалҳо, муайян ва дастгир намудани ин шахсон мебошад. 5 май Рамазон Раҳимов якҷоя бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қисми ҳарбии 02011-Д Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, афсарон ва сарбозони қисми ҳарбиро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии вазири корҳои дохилиро супорид.Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматии кормандони Ротаи таъйиноти махсуси милитсия дар минтақаи Рашт шинос шуда, онҳоро ба чусту чолокӣ, далерӣ ва содиқ будан ба савганди худ даъват намуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






