Сафари сардори Хадамоти муҳоҷират ба Минск

Май 31, 2013 11:41

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–30 май сардори Хадамоти муоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо ҳайати баландпояи Ҳукумати ҶТ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба шаҳри Минск рафт. Дар баробари ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар ҳайати васеъ як силсила мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳайати маҳдуд баргузор мешавад. Ғайр аз ин, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ҷаласаи умумии Ҳамоиши соҳибкорони давлатҳои аъзои Фазои ягонаи иқтисодӣ, ки 31 май баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ба имзо расонидани Протокол дар бораи мавриди истифода қарор додани Шартнома оид ба минтақаи савдои озоди ИДМ аз 18 октябри соли 2011 байни ҷонибҳои он ва Ӯзбекистон дар назар аст. Дар шартнома механизмҳои ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи Ӯзбекистон ва давлатҳои аъзои Шартнома оид ба минтақаи савдои озод муайян карда шудаанд.Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ҷараёни татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 — ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар фасли иқтисодии рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ҳамчунин баррасии Консепсияи ташкили Бонки арқоми патенту сармояҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ин ба вусъати фаъолияти илмию техникӣ ва рушди соҳибкории бахши сармояҳои фазои Иттиҳод мусоидат мекунад.Дар ҷараёни ҷаласа сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ масоили ҳамкории бахши гуманитариро баррасӣ мекунанд.Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.

Май 31, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш