Санҷиши таълимӣ дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Май 4, 2013 11:23

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Шуруъ аз 3 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон cанҷиши давлатии донишгоҳ оғоз шуд. Ба ин муносибат дар толори асосии донишгоҳ бо ҳайати комиссия, ки бештар аз 30 нафарро ташкил медод, ҷамъомад баргузор шуд. Дар ҷаласа сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Р.Саидов, ректори донишгоҳ, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.Дар ҷаласа ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ва сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Р.Саидов сухан карданд. Ҳайати комиссия ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ, барномаю нақшаҳои таълимӣ, сатҳи сифати таълим, лексияи омӯзгоронро месанҷад. Ҳамзамон дар дарсҳои муаллимон иштирок карда, тарзу услуби дарсдиҳии онҳоро баҳогузорӣ мекунад. Аз донишҷӯён низ имтиҳони хаттӣ гирифта мешавад.Санҷиш то 24-уми май идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд.

Май 4, 2013 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш