«Шабонгоҳ дар Осорхона»
Душанбе,13 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдомоти «Шабонгоҳ дар Осорхона»-ро аз таърихи 18 майи соли 2013 баргузор менамояд, ки ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал ба чорабинии байналмилалии «Шабонгоҳ дар Осорхона» пайваст мешавад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази фарҳангии «Бохтар» иттилоъ доданд , 10 майи соли ҷорӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон нахустин маротиба иқдомоти «Шабонгоҳ дар Осорхона»-ро баргузор намуд. Вобаста ба ин ҷашн дар таърихи 18-майи соли 2013 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронс дар мавзўи «Осорхонаи миллии Тоҷикистон: таърихи таъсис ва масъалаҳои рушд» баргузор мегардад, ки дар кори он намояндагони дигар осорхонаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат менамоянд. Иқдомоти «Шабонгоҳ дар Осорхона» бо маърузаи илмӣ таҳти унвони «Аз таърихи таъсиси Осорхонаҳои Тоҷикистон» оғоз гардида, сипас ба тамошобинон филмҳои кутоҳмуддат дар мавзуъҳои мамнуъгоҳи таърихии «Ҳулбук» ва ёдгории буддоии «Аҷинатеппа» намоиш дода мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯз баргузории маҳфили «Устод-шогирд» аз ҷониби ҳунармандони Тоҷикистон (нақшу нигор намудан дар сафол, усули омода намудани маҳсулот аз маводи гуногуни истифодашуда) ва шоу-нурборон таҳти унвони «Инъикоси осорхона дар нур» ба нақша гирифта шудааст. Дар ин барнома аз ҷониби рассомон ба воситаи нурҳо бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо конструксияҳои ғайриоддӣ муаррифӣ мегардад. Дар иқдомоти «Шабонгоҳ дар Осорхона»-Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков низ ширкат намуда, дар бинои ин муассиса консерти гуруҳи «Само» баргузор мегардад. «Шабонгоҳ дар Осорхона»-иқдомоти байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он ҷалби ҳар чӣ бештари тамошобинон, хусусан ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Ба тариқи анъанавӣ ҳамасола ин чорабинӣ дар дигар кишварҳои олам аз 15 то 20 май баргузор мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






