Шароити мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ

Май 8, 2013 16:55

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 6 майи соли ҷорӣ дар толори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ вохўрии ҳайати Ҷумҳурии Эстония бо роҳбарияти агентӣ баргузор гардид.Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба пешбурди соҳаи сохтмону меъморӣ, ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии ҳарду ҷониб ва дар ин замина дар ҳудуди ҶТ ташкил намудани корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти корҳои мустаҳкамкунии таҳкурсии иншооти баландошёна бо истифода аз технологияи навини ширкати SAVI AS, дар барқарорсозии заводҳои асфалтбарорӣ бо таҷрибаи ширкати пешрафтаи FEMW ва дар таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тоза баррасӣ шуданд.Ҳамчунин дар мулоқот зимни шиносоӣ бо як гуруҳ намояндагони ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Эстония, аз ҷумла бо роҳбарияти ширкати савдои Repo VABRIKID AS — истеҳсолкунандаи таҷҳизоти маишӣ, бо Фонди тараққиёти соҳибкории Ҷумҳурии Эстония ва намояндагони дигар ба роҳбарияти агентӣ пешниҳод карда шуд, ки дар оянда бо ин ширкатҳои бонуфуз ҳамкории зичро ба роҳ монад. Меҳмонон ҷараёни вохўриро қаноатманд ҳисобида, аз пазироии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки баъди омўзиши ҳамаҷониба бори дигар ба ҶТ барои бастани шартнома оянд.

Май 8, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш