Шоми ёдбуди Рустами Абдураҳим

Май 2, 2013 16:52

Душанбе, 2 май . (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова) .- Рӯзҳои 3-4 майи соли 2013 бо қарори ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар бинои Қасри маданияти ба номи Рустами Абдураҳим 75- солагии зодрӯзи ромишгари мумтоз, Артисти халқии Тоҷикистон Рустами Абдураҳим бо иштироки намояндагони ҳукумати шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон, нохияи Муъминобод, кулли ҷавонон, шогирдон, фарзандон, аҳли зиё ва ихлосмандони эшон ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳамасола бахшида ба ёди дуторнавози нотакрор Р. Абдураҳим озмуни «Ду тори заррин» гузаронида мешавад, ки дар он шогирдон ва мухлисони эҷодиёти ин ромишгар оҳангҳо навохта, ба ин минвол чеҳраҳои нави ҳунариро ба саҳна меоранд. Ғолибони озмунро ҷоизаҳои хотирмон интизоранд. Рустами Абдураҳим ҳамчун ромишгари нотакрор ва зиёии ҳақиқие, ки баҳри Ватан ва мардуми диёраш хизмат намудааст, дар хотираҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Май 2, 2013 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш