Силсилафилмҳои баландғоя

Май 27, 2013 16:45

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бо мақсади дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас «Тоҷиккино» ва Вазорати маориф силсилаи филмҳои «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Спитамен», «Умари Хайём»-ро дастраси хонандагон ва омӯзгорон намуд.Ҳарчанд дар таърихи тоҷикон фоҷиа, моҷароҳои талхи сиёсӣ, нокомиҳо ва нооромиҳо ҷой доштанд, хушбахтона дар ҳар давру замон абармардоне буданд ва ҳастанд, ки номбардори ин миллати соҳибтамаддунанд. Рустами Достон, Шерак, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Абӯалӣ ибни Сино, Темурмалик, Хайём, Ҷомӣ, Биноӣ, Аҳмади Дониш, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Турсунзода, Лоиқ, Эмомалӣ Раҳмон, Аҳмадшоҳи Масъуд ва даҳҳову садҳо нафари дигар аз ин қабиланд. Нафарони мазкур ва миллионҳо ватандӯстони дигар дар эҳёи Истиқлолият ва таҳкими он ҷоннисориҳо кардаанд. Аз ин рӯ омӯзиши ҳаёту фаъолияти қаҳрамонон аз манфиат холӣ нест.

Май 27, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш