Соҳибкори ободкор
Кӯлоб, 25 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ҳоҷӣ Қурбонови соҳибкор бо бародаронаш дар яке аз маҳаллаҳои калонтарини шаҳри Кӯлоб бунёди маҷмааи варзиширо ба нақша гирифта, дар як муддати кӯтоҳ қисми зиёди корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. .Дар корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардида, толору майдончаҳоро мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ бунёд менамоянд. Майдончаи футболи хурд пурра омода гардидааст ва дар толори варзишӣ охирин корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ба гуфти соҳибкор аллакай таҷҳизоти варзишӣ харид шуда ва баъди анҷоми сохтмон дар толор насб мегарданд. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ боғ низ бунёд хоҳад шуд, ки аллакай ниҳолакон шинонида шуда, нашъунамои хуб доранд. .Ба гуфти соҳибкор баъд аз як моҳ майдончаи футболи хурд ва толори варзишӣ мавриди истифода қарор мегирад ва то охири сол ҳавзи шиноварӣ ва корти теннис низ омода хоҳад шуд. Баъди пурра ба истифода додани маҷмааи варзишӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин мегардад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






