Содироти амвол коҳиш ёфт

Май 29, 2013 16:01

Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи моҳҳои январ ва апрели соли равон ҳаҷми содироти амволи Тоҷикистон 442 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 22 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА ё 4,8 фоиз коҳиш ёфтааст.Ҳамзамон ҳаҷми воридот 1 миллиарду 195 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 2 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА ё 0,2 фоиз зиёд аст.

Май 29, 2013 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш