Сокинони Рашт барои татбиқи нуктаҳои Паём сайъ менамоянд
Душанбе, 3 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар доираи сафари худ ба ноҳияи Рашт аз ҷараёни корҳои сохтмониву созандагии варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангу фароғатии Рашт боздид намуд. Инчунин зимни сафар бо устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт, ки ахиран ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт табдили ном кард, мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳ раиси Парлумон аз онҳо даъват кард, ки барои фаро гирифтани тамоми илмҳои муосир бештар заҳмату талош намоянд. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин аз шаҳраки Навобод, хонаи кӯдакон, коллеҷи омӯзгории ба номи Давлат Асалов, беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ва маркази саломатии ин шаҳрак, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт боздид намуда, бо пирони рӯзгордида, устодону донишҷӯён, кормандон ва таълимгирандагону бошандагони он вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 апрели соли равон ироа гардид, шарҳ дода шуд. Сокинони Рашт иброз доштанд, ки онҳо тамоми нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олиро ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар саъю талош хоҳанд кард. Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






