«Созандагони Ватан» аксияи идонаро ҷамъбаст кард

Май 10, 2013 11:48

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо дастгирии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ғалаба чанде пеш аксияи «Барои хотира»-ро эълон дошт. Дар доираи аксияи мазкур аъзо ва ихтиёриёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки алҳол дар қайди ҳаёт буда, давлати пирӣ меронанд, аёдат намуданд. Дар як вақт барои тарғибу ташвиқи зиндагию мардонагии ин пирони рӯзгор ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстиву меҳанпарастӣ тасмим гирифтанд расмҳои онҳоро бо чеҳраҳои нурониашон ҷамъ намоянд. Имрӯз аксияи мазкур ҷамъбаст гардида, ҷавонони «Созандагони Ватан» тавонистанд аз 1441 нафар иштирокчии ҶБВ, ки дар қайди ҳаётанд, зиёда аз 600 нафари онҳоро аксбардорӣ кунанд.Таъкид бояд кард, ки гирдоварии аксҳо минбаъд низ идома ёфта, ҳар нафар метавонад ба унвонии почтаи электронии сомонаи ҲХДТ ва ё ба саҳифаҳои иҷтимоӣ расмҳои иштирокчиёни ҶБВ-ро ирсол намояд.

Май 10, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш