Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ- 105,8%
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Аз рӯи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли 2013 2 млрд. 961,9 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 105,8% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли 2012 ба маблағи 163 млн. сомонӣ зиёд аст. Афзоиш дар моҳи апрел нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 6,5% ва ё 41,5 млн. сомониро ташкил дод. Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-апрели соли 2013 ба маблағи 386,4 млн. сомонӣ (13%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш дар 4 моҳ асосан аз ҳисоби истихроҷи маъдани филизӣ 113,8 млн.сомонӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1 млрд. 843,6 млн.сомонӣ (62,3%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш дар 4 моҳ 10,6 млн. сомонӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об ба маблағи 731,9 млн. сомонӣ ё 24,7%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар 4 моҳ 38,6 млн. сомониро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти фаврӣ корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат дар моҳҳои январ-апрели соли 2013 ба маблағи 1 млрд. 167,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро дар моҳи апрел ба 115,3% (афзоиш ба маблағи 37,8 млн. сомонӣ) ва дар 4 моҳ ба 120,6% (афзоиш ба маблағи 199,1 млн. сомонӣ) расонданд. Дар 4 моҳи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, калонтарин корхонаҳои саноатӣ — КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷиксемент” ва корхонаҳои пахтатозакунӣ бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ, аз ҷумла, дар моҳи апрел КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” ба маблағи 5,7 млн.сомонӣ (дар 4 моҳ 30,1 млн.сомонӣ), КВД “Тоҷиксемент” ба маблағи 4,6 млн.сомонӣ (дар 4 моҳ ба маблағи 44,7 млн.сомонӣ), корхонаҳои пахтатозакунӣ мутаносибан ба маблағи 33,8 ва 73,7 млн.сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи умумии 148,5 млн.сомонӣ кам карданд. Дар таркиби маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” ҳамагӣ 6,2%-ро ташкил медиҳад.Аз 11 вазорату идораҳои шуғли саноатидошта, дар 4 моҳи соли 2013 корхонаҳои саноатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 94,2% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,1 ҳазор сомонӣ кам), корхонаҳои пахтатозакунӣ 76,6% (73,7 млн.сомонӣ кам), ҷамъияти нобиноён 41,5% (338,4 ҳазор сомонӣ кам), ҷамъияти кару гунгҳо 63,9% (176,1 ҳазор сомонӣ кам) ва корхонаҳои бе тобияти идоравӣ 77,6% (92,1 млн.сомонӣ кам) ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбат ба 4 моҳи соли 2012 коҳиш доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






