«Суруди сарбоз» ва ифтихори миллӣ

Май 17, 2013 15:09

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Нимаи аввали имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии «Ҷомӣ» фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» доир гардид.Дар Фестивал зиёда аз 15 суруди ватандӯстонаи дастаҳои ҳунарӣ аз Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ, афсарону сарбозону вазорату идораҳои қудратӣ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллӣ садо дод. Дар чорабинӣ раиси Кумита Маликшо Неъматов ширкат ва суханронӣ намуд. Раиси кумита зимни суханронӣ аз хештаншиносу ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, фарҳангии сиёсии насли ҷавон ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ аз ҷавонони худшиносу меҳанпараст вобастагӣ дорад. Маликшо Неъматов ҳамчунин аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумат нисбат ба насли ҷавон ва чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонон ёдовар шуда, ҳозиринро ба ин сана шодбош гуфт. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома қадрдонӣ шуданд.Боиси ёдоварист, ки чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ сурат гирифт.

Май 17, 2013 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш