Таҳқиқи проблемаҳои истилоҳотсозӣ дар илмҳои педагогика

Май 30, 2013 15:45

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 6 июни соли 2013 конфронси илмию амалии «Таҳқиқи проблемаҳои истилоҳотсозӣ дар илмҳои педагогика» бо ширкати устодон, пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони варзида баргузор мегардад. Тавре ки аз Академияи таҳсилот ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо таваҷҷӯҳ ба ин дар конфронс масоили: истилоҳоти педагогика ба унвони мабҳаси (объект) педагогика; баррасии истилоҳоти педагогика дар улуми вобаста; вижагиҳои мафҳуми «педагогика» ва коркардҳои он дар раванди дарки воқеияти лексикӣ; баррасии сохтори истилоҳоти педагогика; дастгоҳи мафҳумии педагогика; аҳамияти мафҳумсозии педагогика дар рушди улуми вобаста; истилоҳоти педагогика аз дидгоҳи улуми инсонӣ ва сойири улуми вобаста; меъёрҳои навин дар истилоҳсозии педагогика; таъсири вожаҳои навин дар рушди истилоҳоти педагогика; баррасии муқоисавии истилоҳсозӣ дар улуми педагогика; проблемаҳои яксонсозии истилоҳоти педагогика дар қаламрави забони форсӣ; истилоҳсозӣ ва забони илмии педагогика таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Май 30, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш