Таҳкими ҳамкории ширкатҳои Туркия бо Тоҷикистон
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо раиси Шӯрои тоҷирони Туркияю Тоҷикистон Маҳмуд Эр ва ноиби президенти Бонки тиҷорат ва рушди Баҳри Сиёҳ Мустафо Боран баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Туркия доир намуда, форуми аҳли тиҷорати Тоҷикистону Туркия ташкил карда шавад. Меҳмонон пешниҳоди раиси палатаи савдоро пазируфта, изҳор доштанд, ки ширкату сармоягузорони сершумори Туркия ҷонибдори ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистоннанд. Мусоҳибон имконоти иштироки сармоягузорони Туркия дар бунёди корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои нави коркарди ашёми хоми маҳаллиро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон ва таҳсили онҳо дар Туркия баррасӣ шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






