Таҳсил тибқи квота масъулият аст
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Шуруъ аз соли 1997 то имсол аз шаҳри Роғун 243 нафар дар макотиби олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки то ин замон 133 нафари онҳо бомуваффақият донишгоҳҳоро ба итмом расониданд. Ин нуктаро муовини раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова 25-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ зимни мулоқот бо муҳассилине. ки аз тариқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, баён дошт. Дар вохӯрии мазкур мудири маорифи ин шаҳр Т.Раҷабов ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Олимова низ ширкат варзиданд.М.Юнусова зикр кард, ки дар айни замон 97 нафар идомаи таҳсил доранд, ки аз ин теъдод 45 нафарро духтарон ташкил медиҳад. Т.Раҷабов, мудири маорифи шаҳри Роғун, иқдоми Ҳукумати кишварро дар хусуси таъсиси квотаи Президентӣ ситоиш намуда, таъкид дошт, ки ин ташаббус оқилона ва дар замони мувофиқ ба миён омад. Тӯли солҳои зиёд бо ин васила ҷавонони зиёде аз манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ соҳиби маълумоти олӣ гардиданд ва дар зодгоҳҳои хеш ба халқ хизмат карда истодаанд. Илова бар ин, мутахассисони ҷавон ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбанд. Ба масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидани ҷавонон шахсан худи Ҷаноби Олӣ , Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса дорад. Мавсуф ҳамеша перомуни масоили ҷавонон дахл намуда, ҷаҳд менамояд, ки мушкилоти пешорӯи насли ҷавон рафъ шаванд. Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳри Роғун ба ҳар як донишҷӯдухтар 100 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.Дар ин бора котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






