Таҳсили духтарон дар мактабҳои олии ҳарбии кишвар

Май 10, 2013 09:21

Хатлон, 10 май. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).- Дар маркази вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи Ғалаба дар байни хонандагони мактабҳои 15 шаҳру навоҳии минтақаи Қурғонтеппа озмуни «Ватанпарвар» гузаронида шуд. Дар озмун 50 даста ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд. Тавре ки дар суҳбат сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода иброз дошт, мақсад аз гузаронидани озмун ин дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани хонандагон ва омода намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Духтарон низ дар озмун ширкати фаъолона доштанд ва иброз намуданд, ки оянда мехоҳанд дар мактабҳои олии ҳарбии кишвар таҳсили худро идома диҳанд.

Май 10, 2013 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш