Таҷлил аз солгарди қабули қонуни танзим
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият ва доираи васеи кормандони вазорат бахшида ба 6- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод иброз дошт, ки шаш сол муқаддам қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Сарвари давлат ба тасвиб расидааст, бешубҳа дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Сипас, намояндагон аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин баромад карда, аз манфиати қонуни мазкур дар беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, натиҷаҳои мусбате, ки дар муддати ин шаш сол ба даст омадааст ва ҳамчунин риояи талаботҳои қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ибрози назар намуданд. Дар интиҳои ҷамъомад, байни кормандони вазорат оид ба паҳлуҳои гуногуни қонуни мазкур саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






