Таҷлили Рӯзи оила дар Донишгоҳи омӯзгорӣ

Май 15, 2013 09:01

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо ибтикори Шӯрои занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 14-уми май дар толори бинои асосии таълимгоҳ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Оила ва ҷомеа» баргузор шуд. Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар конфронс ректори донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири кор бо занон ва оилаи ноҳияи И.Сомонӣ Амина Мансурова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Душанбе Саидабону Закиева ширкат намуданд.А.Раҳмонов зикр кард, ки тасмими баргузории конфронс дар пайи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба хотири ҳаёти хуши бонувону мусоидати беҳтарин созандагони оилаҳои солим гирифта шуд. Ҳамзамон мавсуф таъкид кард, ки яке аз меъёрҳои Кодекси оила баробарҳуқуқии зану шавҳар, бо хоҳиши худ ба шавҳар баромадан ва ҳамфикрӣ мебошад. Вақте оила месозед, ҳамаи ин ба назар гирифта мешавад.

Май 15, 2013 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад