Таассурот пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд Президенти Гуруҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, Муовини сарвазир, Вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ, Вазири молияи Бангладеш Абулмаол Мухит, Вазири молияи Мамлакати Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф, Муовини сарвазири Ҷумҳурии Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия Алӣ Бобоҷон ва Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умар Захирваро ба ҳузур пазируфт. Аҳмад Муҳаммад Алӣ — Президенти Гуруҳи Бонки исломии рушд пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони ВАО таъкид намуд, ки ҷониби БИР ҳамеша хостори тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан субдманд бо Тоҷикистон аст ва дар оянда низ равобити худро беш аз пеш тақвият хоҳад дод. Мавсуф бо ёдоварӣ аз татбиқи якчанд лоиҳа дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аз ҷониби БИР сармоягузорӣ мешаванд, таъкид намуд, ки Бонки Исломии Рушд чунин иқдомоти худро идома хоҳад дод. Вазири молияи Давлати Кувайт Мустафо Ясим ал Шамолӣ дар навбати худ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт иҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт саҳифаи наверо дар ҳамкориҳои судманди ду кишвар боз хоҳад кард. Вазири молияи Бангладеш Абулмаол Мухит ҳавасмандии кишвараш ба рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро баён намуда, изҳор дошт, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои ду кишвар ба таври бемайлон рушд меёбанд ва аз ҷониби ҳар ду давлат низ кӯшишҳои зиёде ҷиҳати таҳкими равобити судманд ба назар мерасад. «Мамлакати Арабистони Саудӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз шарикони муҳими худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ медонад ва барои ривоҷи ҳамкориву ҳамёриҳои ба нафъи ду ҷониб як силсила барномаҳоро пиёда месозад»,- иброз намуд Вазири молияи Мамлакати Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдулазиз ал-Ассоф. Ба иттилои номбурда дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон эшон ба мувофиқ расидаанд, то ба наздикӣ созишномаи дуҷониберо ҷиҳати канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расонанд. «Тоҷикистон барои мо дар оянда низ ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд»- илова намуд дар охир Вазири молияи Мамлакати Арабистони Саудӣ. Муовини сарвазири Ҷумҳурии Туркия оид ба иқтисодиёт ва молия Алӣ Бобоҷон аз анъанаҳои муштараки ду кишвар дар самту арсаҳои мухталиф ёдовар шуда, изҳори хушнудӣ намуд, ки дар панҷ соли охир гардиши мол миёни ду кишвар 90% афзудааст. Мавсуф ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ироа намуда, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву молиявии ду кишварро муҳим хонд. Вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умар Захирва пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомлаӣ Раҳмон ба сатҳи феълии ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯст баҳои баланд дода, татбиқи якчанд лоиҳаи муштараки минтақавиро далели равнақи ҳамкориву равобити дӯстонаи ду кишвар хонд. Номбурда изҳори итминон намуд, ки дар оянда равобити ду кивар бемайлон ва ба нафъи ҷонибҳо рушд хоҳад кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






