Таъмини зиндагии шоиста ҳадафи ҳукумат аст

Май 2, 2013 10:32

Душанбе, 2 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Махфират Хидирова ва Маҳмадалӣ Ватанов бо интихобкунандагони худ вохӯрда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Вакилон дар вохӯрӣ иброз доштанд, ки мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре ки аз Паёми Президент бармеояд, пеш аз ҳама таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини ҷумҳурист. Бинобар ин моро зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмини рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар омилҳои зарурӣ ба инобат гирифта шаванд. Намояндагони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон иброз доштанд, ки сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки иҷрои барномаҳои қабулкардаи худ ва рушди тадриҷии иқтисоди миллиро дар ҳафт соли охир таъмин намояд. Вакилон доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намуда, афзуданд, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар кишвар сол аз сол зиёд гардида, дар соли равон он 6,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки он нисфи буҷаи давлатист. Дар анҷоми мулоқот вакилон Махфират Хидирова ва Маҳмадалӣ Ватанов ба саволҳои сершумори интихобкунандагони худ посух гуфтанд. Мавриди зикр аст, ки аз 30 апрел то 9 май вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба минтақаҳо сафар карда, бо интихобкунандагони худ мулоқот анҷом медиҳанд.

Май 2, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст