Техникаи нав корро осон мекунад

Май 11, 2013 09:41

Муъминобод, 11 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии ноҳияи Муъминобод барои мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар асоси татбиқи як лоиҳа ба кишоварзони деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод даҳ адад техника ва мошинолоти нави кишоварзӣ дастрас карда шуд. Сокинони ин деҳа аслан ба чорводорию зироаткорӣ машғуланд ва бо истифода аз ин техника минбаъд имкон доранд, кишти ғаллаю зироати чорворо васеъ гардонида, пешрафти соҳаро таъмин намоянд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо ва дастрас шудани техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Муъминобод сол аз сол аз ҳисоби самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам ба пешрафти вазъи иқтисодии ноҳия мусоидат мекунад.

Май 11, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш