Тозагӣ -гарави саломатӣ

Май 27, 2013 16:45

Шаҳринав, 27 май. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Баъди ҳашари умумихалқӣ, ки дар он беш аз 13 ҳазор сокини ноҳияи Шаҳринав ширкат доштанд, каналҳои Чузӣ, Қаратоғ, Муллошодӣ, Оим аз партов тоза ва беш аз 120 метри кубӣ партов аз манбаъҳои обӣ бароварда шуданд.Ҳамчунин тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Мирсаид Раҳимов баҳри ободонӣ ва кабудизоркунӣ 54 ҳазору 268 бех, аз ҷумла 45 ҳазору 564 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуда, дар масоҳати 92,6 гектар боғу токзор бунёд карда шуд. Аз тарафи шуъба як ҳазору 681 бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зисти солим аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур мунтазам санҷишу рейдҳо гузаронида мешаванд.

Май 27, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш