«Тозагии соҳил -2013» ҷамъбаст гардид

Май 23, 2013 10:27

Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Бо фармони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳо дар доираи «Соли 2013-соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аксияи «Тозагии соҳил- 2013» бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ амалӣ гардид, ки ин боиси ифтихор аст. Мақсади асосӣ аз гузаронидани аксия аз як тараф пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ,, аз тарафи дигар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Дар чорабинии мазкур 88459 нафар шаҳрванд иштирок намуда, 927, 16 км дарёҳо, канали магистралӣ, обанборҳо, чашмаҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва манбаъҳои обӣ тоза гардида, партовгоҳҳои истеъмолию сахти маишӣ дар ҳаҷми 2555, 79 м3 ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд. Аксияи мазкур ҳар сол моҳи май гузаронида мешавад.

Май 23, 2013 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш