Умарова 76000 доллари Ғафуровро аз худ кард

Май 22, 2013 11:49

Душанбе. 22 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Сафаралӣ Мадалиев, сокини 41-солаи кӯчаи Фирдавсии ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб боварии шаҳрванд Шохов Ҷӯрахон, сокини кӯчаи Ғафурови пойтахтро ба даст оварда, аз ӯ 48000-доллари амрикоӣ гирифтаву барнагардонидааст. Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дода шудааст. Ҳамчунин манбаъ дар ҳамин хусус овардааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ як қаллобии шаҳрванд Дилбар Умароваи 39-сола, сокини шаҳри Душанбе низ ошкор шудааст. Ӯ моҳи ноябри соли 2007 баъди бо фиреб боварии сокини шаҳри Душанбе Ғафуров Комилро ба даст овардан, аз ӯ 76000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Май 22, 2013 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш