В. Никитюк: «Фарҳангиёни украинӣ гулдастаи ҷолиби мусиқиро ба Душанбе меоранд»

Май 17, 2013 10:53

Душанбе, 17 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Нимаи дуюми моҳи июн дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Украина гузаронида мешавад. Баргузории ин чорабинии муҳим дар доираи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Украина ҷараён гирифта, он дар тавсеаи равобити илмию фарҳангии ҳар ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Виктор Никитюк, Сафири Фақулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Дипломати украинӣ афзуд, ки барномаи гузаронидани рӯзҳои фарҳангии Украина дар Тоҷикистон алҳол таҳия шуда, дар ин самт кормандону мутахассиони Вазорати фарҳанги Украина дар робита бо ҳамтоёни тоҷики худ кор бурда истодаанд, то як барномаи густурдаю диданибобро рӯи кор оранд. -Фикр мекунам, ки барномаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон, ки пешкаши мардуми тоҷик ва меҳмонони Тоҷикистон мегардад, хеле рангину ҷолиб ва хотирмон хоҳад буд, таъкид кард В. Никитюк. Ҳамзамон сафири Украина афзуд, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз моҳи октябри соли 2012 шуруъ шудааст, саъю талош менамояд, то равобити ҳасанаи Душанбею Киев дар бахши илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои мухталиф тавсеа ва рушд ёбанд.

Май 17, 2013 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш