Варзиш- бахши ҷаҳоншиносӣ ва омили вахдату дӯстӣ

Май 28, 2013 11:09

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 25 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехта (ММА) доир гашт. Дар чорабинӣ варзишгарони ин риштаи варзиш аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат варзида, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар 5 вазн- 70 кг, 77кг, -84кг, -93 кг ва аз 93 боло бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.Дар чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов варзишро бахши ҷаҳоншиноси ва омили муҳими ваҳдату дӯстии миёни варзишгарон маънидод кард. Табрикоти видеоии Президенти иттифоқи ММА Русия ва ҳамзамон Президенти фахрии Асосиатсияи ҷаҳонии санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) Федор Емеляненко варзишгарону ҳаводорону дӯстдорони ин риштаи варзишро руҳбаланд кард.Дар чорабинӣ нахуст варзишгарони Ӯзбекистону Қазоқистон барои баромадан ба қисми ниҳоӣ ва вохӯрӣ бо мизбонон, яъне варзишгарони тоҷикистонӣ қувваозмоӣ намуда, дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 ба дастаи Қазоқистон ғолиб баромад. Дар қисми ниҳоӣ дастаи яккачини Тоҷикистон бо гирифтани 5 медали тилло ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия доир хоҳад шуд, соҳиб гашт.

Май 28, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш