Велосипедрони хурдсол зери мошин монд

Май 10, 2013 15:14

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Ронандаи мошини тамғаи «Даймлер-Крейслер» Раҳматҷон Бобокалонов ҳангоми ҳаракат коидаҳои бехатариро риоя накарда, хонандаи синфи 2-юми МТУ №38-Ҷумъаев Меҳмонро, ки дар канори рости роҳ бо велосипед ҳаракат мекард, пахш намудааст. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар ин воқеа дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Ғончӣ рух дода, дар натиҷаи он велосипедрони хурдсол Меҳмон Ҷумъаев бо ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардошта ҳангоми ба беморхона интиқол додан ҷон бохтааст.

Май 10, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш