Вохӯрии мақомоти қудратӣ бо донишҷӯёни ДСХТ

Май 17, 2013 11:04

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Дирӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон вохӯрданд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, пеш аз шурӯи вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба муҳассилини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат видеоролик намоиш дода шуд ва ишитирокчиён перомуни он баҳс карданд. Намояндагони мақомоти қудратӣ масоили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи дружиначиёни ихтиёрӣ» ва Фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи ҷалби донишҷӯён ҳамчун кормандони ғайриштатии милитсия»-ро баррасӣ карда, донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ даъват намуданд.Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта намояндагони мақомоти қудратӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Май 17, 2013 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш