Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо роҳбари Гуруҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu»

Май 17, 2013 09:45

Душанбе, 17 май (АМИТ «Ховар»).- 15 майи соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гуруҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» Алӣ Акбулут баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ намуданд. Алӣ Акбулут омодагии Гуруҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu»- ро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баён сохта, изҳор кард, ки моҳҳои наздик ба Душанбе сафар хоҳад намуд. Бояд зикр намуд, ки Гуруҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» зиёда аз 32 сол дар соҳаҳои бофандагӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, энергетикӣ ва сохтмон фаъолият менамояд. Ба Гуруҳи «Akbulut Grubu» 10 корхона- Ortadoğu Tekstil, Global Denim Tekstil, BJ Tekstil, Denim Dizayn Yıkama, Odtex UK, Akbulut Tekstil, Taam insaat, Oden, Erfa Muhendislik ва AkSUT аъзо буда, бо ширкатҳои бонуфузи Zara ва Disel ҳамкорӣ менамояд. Гардиши моли «Akbulut Grubu» 250 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Май 17, 2013 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст