Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Июнь 3, 2013 11:28

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Хазар», ки имрӯзҳо дар майдонҳои футболи шаҳри Боку идома дорад, вохӯрии сеюми худро анҷом дод. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 2 июн бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи Урдун ғолиб омад. Хотирнишон месозем, ки қаблан футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ вохӯриҳоро бо ҳисобӣ 0 бар 3 ва 1 бар 3 ба дастаҳои Уругвай ва Ҷопон бохта буданд. Акнун футболбозони навраси Тоҷикистон 4 июн бо дастаи мунтахаби Қирғизистон вомехӯранд.

Июнь 3, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш