Ғолибони «Авҷи Зуҳал» соҳиби туҳфа шуданд

Июнь 13, 2013 10:00

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 12 июни соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷамъбасти озмуни фароғатии “Авҷи Зуҳал” ва беҳтарин барномаи кӯтоҳмуддати видеоӣ (видеоролик), ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуда буд, доир гардид. Раиси кумитаи мазкур Маликшо Неъматов ғолибонро таҳният гуфта, аз ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд. Мавсуф афзуд, ки дар маҷмӯъ, ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, чун онҳо танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина таҳкими истиқлолияти кишвар талош намоянду сазовори дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олиии кишвар буданашонро исбот намоянд. Ёдовар мешавем, дар озмуни радиоии “Авҷи Зуҳал”, ки тавассути радиои мустақими “Садои Душанбе” тӯли ним сол садо дод, 3 нафар, ки давоми пахши барнома фаъолтарин иштирокчӣ буданд, ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла Нурмуҳаммад Разоқов аз ноҳияи Бохтар сазовори ҷои аввал, Тутинисо Ятимова аз ноҳияи Балҷувон соҳиби ҷои дуввум ва Шодӣ Дустёров аз ноҳия Рӯдакӣ соҳиби ҷои саввум гардиданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо, аз қабили нотбук, тафдон, суратгирак қадрдонӣ шуданд.

Июнь 13, 2013 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш